БА ТАВАҶҶЎҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН !!!
ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД
Комиссияҳои муштараки озмуни хариди Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти ваколатдор, суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шота Руставелӣ 22, тел: 221-47-03, 223-11-80) ва ташкилотҳои харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамоянд:
- Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба мақомоти ваколатдор ба суроғаи дар боло зикршуда муроҷиат намоянд.
- Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мӯҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутуни «Сана ва вақти кушодани лифофаҳо» муайяншуда пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешавад.
- Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияҳои муштарак тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешаванд. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.